Русия ва Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ Созишнома имзо намуданд

Аз 28 феврали соли 2023 Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ ба тасвиб расид. Дар ин хусус дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи моддаҳои 4 ва 5 Созишнома, дараҷаи илмии номзади илм, ки дар Федератсияи Русия дода шудааст ва дараҷаи илмии номзади илм, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст, баробарарзиш эътироф мешаванд. Ин талабот ба унвонҳои илмии дотсент ва профессор низ алоқаманд аст.

Таъмини мутобиқати талаботи тахассусӣ ба дараҷаҳои илмӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ва иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ яке аз вазифаҳои асосии Комиссия буда, имзои ин Созишнома дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ қадами устувор маҳсуб мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ин дастоварди илмӣ бо ташаббус ва иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории марбутаи ниҳодҳои дахлдор амалӣ карда шуд.

Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» зодаи тафаккури созандаи Пешвои миллат ва даврони истиқлол буда, мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, бо мақсади аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмию педагогии тахассусии олӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси Комиссия имкон дод, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили мамлакат осон гардида, эҳтиёҷи иқтисоди ҷумҳурӣ бо кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад. Ин иқдом бо мақсади таъмини мустақилияти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуда, ба таҳкими истиқлоли илмии мамлакат мусоидати амиқ намуд.

Принсипҳои асосии фаъолияти Комиссия қонуният, адолату шаффофият, салоҳиятнокӣ, мустақилият, воқеъбинӣ, ошкорбаёнӣ ва риоя намудани меъёрҳои этикаи илмӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва сари вақт таъкид менамоянд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти илму технология бо суръати кайҳонӣ олимони мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани илми ватанӣ корҳои таҳқиқотию технологиро вусъат бахшанд. Зеро вазъи имрӯзаи илми мамлакат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE