Дар Тоҷикистон ба ду ширкати хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани Интернети баландсуръат дода шуд

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ширкати ватании бахши хусусӣ иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқа хабар медиҳад.

Ин тадбир дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани суръати Интернет ва паст намудани арзиши он андешида мешавад. Ин иқдом  муҳиму зарурӣ буда, барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет шароити мусоид фароҳам меорад.

Он ҳамчунин ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ ба бахши телекоммуникатсияи мамлакат мусоидати фаъол менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ин тадбир баҳри иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2022 ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, паст намудани арзиши хизматрасонии алоқаи мобилию интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои мамлакат ба роҳ монда шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE