НАМОДИ ИСТИҚЛОЛ ВА ОЗОДӢ
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи давлатҳои муосир мавҷудияти рамзҳои миллӣ – давлатӣ: нишон, парчам ва суруди миллӣ аст. Онҳо, ҳамчун рамзҳои давлат дар мундариҷаи худ анъанаҳои таърихӣ, сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангии давлат ва халқҳоеро, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд инъикос менамоянд ва муносибату робитаҳо бо давлатҳои дигар, анъанаҳо ва фарҳангҳои байни миллатҳоро муайян менамоянд.
Моҳияти асосии парчам муттаҳид намудани мардум барои мақсади ягона буда, ҳидоят ба қаҳрамонию сарсупурдагӣ баҳри озодию соҳибистиқлолӣ мебошад. Ниёгони мо аз азал зери парчами хеш саф кашида, пайи ободию озодӣ, ҳимояву пойдории миллату забон ва фарҳанги пурғановати хеш мубориза бурдаанд.
Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олии мамлакат, ки дар зеҳн ва тафаккури мардум ҳамчун иҷлосияи сарнавиштсоз устувор шудааст, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақш ва мавқеи ҳалкунанда дошт. Дар иҷлосия баробари ҳалли масоили истиқрори сулҳ, афви иштирокдорони даргириҳои дохилӣ, дарёфти роҳи наҷоти миллат аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ва мушаххас намудани самтҳои рушди мамлакат 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ гардид. Ҳамин тавр, ин иҷлосияи таърихӣ, ки сароғози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идораи давлат ба ҳисоб мерафт, бо тасдиқи Парчами давлатӣ ба ҷаҳониён нишон дод, ки эҳёи давлати миллии тоҷикон аз эҳёи яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ – Парчами мамлакат оғоз ёфта, роҳбарияти олии он нияти неки зери ин Парчам муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа ва ба шоҳроҳи тамаддун ворид намудани Тоҷикистонро дорад.
Ниҳоят, баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, истиқрори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки тибқи он нишонаҳои Парчам, тартиби афрохтан ва тасвири он пешбинӣ гардид. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки дар он тартиби афрохтани Парчам ва ҷойгиркунии тасвири он пешбинӣ гардид. Қонуни мазкур 12 майи соли 2007 қабул шуд.
Ҳамзамон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонунеро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуданд, ки тибқи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” тағйирот ворид гардида, 24 ноябр ҳамчун рўзи ид эълон гашт. Қонуни мазкур 19 ноябри соли 2009 қабул ва 24 ноябр – Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Эътироф шудани Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ ҳаммаънои самимона дўст доштани Ватани маҳбуб, арҷ гузоштан ба муқаддасоти он ва эҳтиром ба ҳар ваҷаб замину ҳар қатра оби ин диёри куҳанбунёд аст. Парчам ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум мебошад. Парчам пайванди дирўзу имрўз, қутбнамои фардои нек, ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагист.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рўйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўйи рахи сафед аз ҷойи чўбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ гузошта шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгўша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.
Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рўзи Парчам 23 ноябри соли 2010 рангҳои Парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, фармудаанд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.
Дар баробари ин, парчам рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад. Дар зери он кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хизматчиёни давлатӣ баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шарҳвандон савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, садоқат ба Ватану савганд ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад. Ҳамин арҷгузорӣ аст, ки соли 2010 бунёди манораи бузурги Парчами миллӣ дар яке аз мавзеъҳои зеботарини шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавиаш “Майдони Парчам” номгузорӣ шуд.
Ҳамчунин, бо пайравӣ аз ибтикороти созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ парчампояҳо бунёд гардиданд, ки барои зебо намудани мавзеъҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, инчунин баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватанпарастии сокинон мусоидат мекунанд.
Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдўстӣ, иқболи баланд, умед ба ояндаи нек ва сарбаландии миллат мебошад. Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фарди ватандўст эҳсоси дўст доштани ин марзу бумро бамаротиб зиёд менамояд, зеро парчами давлатӣ рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмуъ, ба тамоми арзишҳои ахлоқию маънавии мамлакат мебошад.
Фирӯз КАРИМЗОДА,
Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Садо ва Симо”