Сарвари давлат дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим иштирок намуданд

1 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (COP28) иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш истиқбол гирифтанд.

Дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим (COP28) роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 160 кишвари ҷаҳон, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE