Сафири Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов бо волии вилояти Денизлии Туркия Омер Фарук Чошкун мулоқот кард

Дар идомаи сафари корӣ ба минтақаи баҳри Эге роҳбари намояндагӣ Ашрафҷон Гулов бо волии вилояти Денизли Омер Фарук Чошкун мулоқот доир намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар самти тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибати байниминтақавӣ мубодилаи афкор намуда, имконияти ба роҳ мондани равобити мустақим миёни донишгоҳҳои ду кишварро муҳим арзёбӣ карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE