Бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд

5 декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки олимони ватанию хориҷӣ конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки 5 декабр дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров — бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» баргузор гардид.

Зимни он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як зумра олимону донишмандони дохиливу хориҷӣ вобаста ба саҳми аллома Бобоҷон Ғафуров дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ сухан гуфтанд.

Иштирокдорони конференсия низ оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва аҳамияту моҳияти китоби мондагори ӯ «Тоҷикон» ибрози назар намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфи илму фарҳангу адаби миллати тоҷик мебошад, ки барои ташаккул ва ташвиқу тарғиби тамаддуни мардуми тоҷик хизматҳои шоён намудааст. Ӯ арбоби давлатӣ, таърихнигор ва шарқшиноси шинохтаи Машриқзамин мебошад, ки дар ташаккули мактаби таърихнигорони навини тоҷик, таъсиси муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҷалб намудани донишмандони варзида ба корҳои илмӣ заҳматҳои беназир дорад.

Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, воқеан, оинаи тамаддуни миллати тоҷик, хазинаи бебаҳои таърихи ниёгон ва шуҷоату бузургии тоҷиконаи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки муҳимтарин сарчашмаи илмию таърихии миллати тоҷикро барои наслҳои имрӯзу фардо баррасӣ намудааст.

Китоби «Тоҷикон»-ро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «шиносномаи миллат» ном бурда, ин асар барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад, ки барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.

Китоб имрӯз ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ чун туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки мондагортарин заҳмати фарзанди фарзонаи миллат ба халқу ҷумҳурии азиз мебошад. Бобоҷон Ғафуров бо чопи ин шоҳасар исбот намуд, ки тоҷикон дорои таърихи бой ва гузаштаи тӯлонӣ ҳастанд ва ниёзе ба таърихи сохтаю бофта ё таҳрифи таърих надоранд.

Дар конференсия дар мавзуъҳои «Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимов- чеҳраҳои намодини садаи XX», «Бобоҷон Ғафуров – олими барҷаста, ходими сиёсӣ», «Назари консептуалии Бобоҷон Ғафуров ба таърихи қадими тоҷикон», «Академик Бобоҷон Ғафуров- фарзанди бузурги халқи тоҷик ва донишманди ҷаҳоншумул», «Академик Бобоҷон Ғафуров ва мероси фарҳангии халқи тоҷик» аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE