Дастаи футболи «Регар» байни дастаҳои Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон соҳиби ҷойи аввал шуд

Дастаи футболи «Регар» байни дастаҳои Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол сазовори ҷойи аввал шуда, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон дар маҷмааи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Дар маросим намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Турсунзода иштирок намуданд.

Байни дастаҳои Лигаи дуюм дастаи футболи «Регар» сазовори ҷойи якум шуда, дастаи «Ҳисор» ҷойи дуюм ва «Рӯдакӣ» мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дастаи футболи «Регар» баъди ин пирӯзӣ ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон роҳхат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE