Дар Академияи идоракунии давлатӣ 7-умин модели СҲШ ҷамъбаст гардид
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ва мутахассисоне, ки ба омӯзиши фаъолияти СҲШ шавқу рағбат доранд ва дар доираи ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон бо платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network 7-умин Модели СҲШ бо иштироки тренерон аз давлатҳои аъзои СҲШ тӯли 4 рӯз роҳандозӣ шуд, ки он 24 май ба анҷом расид.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, иштирокчиёни модели мазкурро 17 нафар донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва мутахассисони ҷавони аз 18 то 35-сола ташкил доданд, ки онҳо аз 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе тариқи пур кардани дархост ва навиштани эссе дар мавзӯи “Ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ дар доираи СҲШ: дастовардҳо ва афзалият” ҷалб гардидаанд. Дар анҷоми конференсия мувофиқи нақша бозии интерактивӣ доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки конференсияи мазкур аз 30 апрел то 24 май идома ёфта, дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, ки дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, видеоконференсия-бозии интерактивӣ дар мавзӯи “20 соли фаъолияти СҲШ: Тарҳрезии даҳсолаи нави ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ” доир гардид.
“Модели СҲШ” конференсияест, ки дар раванди он ба иштирокчиён имкони намояндагии давлатҳои аъзои СҲШ, иштирок дар муҳокимарониҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дода мешавад.
Конференсияи мазкур дар қаламрави Тоҷикистон бори нахуст баргузор шуда, дар фарҷоми он ба иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунандагон гувоҳнома супорида шуд.
Инчунин ғолибони номинаҳои махсус аз ҷониби Котиботи СҲШ бо шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.