Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд
Субҳи имрӯз ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар доираи сафари мазкур вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти амният, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар масъалаҳои корӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафари корӣ ба имзорасонии як зумра санадҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст.