Дар Душанбе татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ шуд

Ҷиҳати натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии ин лоиҳа баргузор гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти ин вазорат хабар доданд.

Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак»- Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва дигар аъзои ин созмон, инчунин масъулини гурӯҳи татбиқи лоиҳа иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш таваҷҷуҳи ҳозирин ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа- Файзобод ва Рашти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб шуд.

Дар ҷаласа ҳолати татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, бахусус корҳои анҷомёфта дар соли 2023 аз ҷониби аъзои Кумитаи роҳбарикунанда ва иштирокчиёни он мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

Инчунин нақшаи Кумитаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмуӣ барои модар ва кӯдак»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода шуд.

Дар ҷаласа мушкилоти мавҷуда дар татбиқи лоиҳа мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли саривақтии он ва дар сатҳи баланд татбиқ намудани Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таклифҳо пешниҳод шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо аъзои ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE