Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

 25 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе Раймундус Кароблисро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE