Зубайдзода Зубайдулло бо Раиси Маҷлис ал-Уммаи (Парламент) Давлати Кувайт Аҳмад Абдулазиз ас-Саъдун мулоқот кард

28 декабри 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо Раиси Маҷлис ал-Уммаи (Парламент) Давлати Кувайт Аҳмад Абдулазиз ас-Саъдун доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти қонунгузори ду кишвар табодули афкор намуданд. Дар ин замина, зарурати фаъол намудани робитаи Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ байни куматиҳои Парламентҳои ду кишвар таъкид гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE