Омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ – 2023» ғолиб шуд
Мудири кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Низомиддин Комилов дар Озмуни 8-уми байналмилалии «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ – 2023» иштирок намуда, бо медалу Дипломи дараҷаи 1-и «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ – 2023» қадрдонӣ шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.
Низомиддин Комилов дар озмун бо пешниҳоди мақолаи илмӣ таҳти унвони «Таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон» иштирок намуда, дар бахши иқтисодиёт ғолиб гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳамасола дар доираи Лоиҳаи «Нашрияи байналмилалии Китоб» озмуни «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ» бо ташаббуси Ассотсиатсияи шахсони ҳуқуқии Ҳаракати умумимиллии «Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар байни муассисаҳои илмию таълимии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад.
Ҳадафи озмун дарёфти корҳои илмӣ-таҳқиқотии беҳтарин ва дар амал татбиқ намудани онҳо буда, дар он шумораи зиёди намояндагони мамлакатҳои ИДМ иштирок менамоянд.