Соли 2024 сафари Президенти Туркия ба Тоҷикистон дар нақша аст

Интизор меравад соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Дар ин хусус Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар зимни нишасти хабарӣ, ки дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фидан ба Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки зимни сафари расмии  Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фидан дар Душанбе ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо баррасӣ гардид.

Тазаккур дода шуд, ки роҳҳои иштироки ҷониби Туркия дар амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.

Дар вохӯриҳо доир ба масъалаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин минтақавӣ ва амниятӣ табодули афкор анҷом дода шуда, имзои «Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2024-2026» — таъкид гардид дар нишасти хабарӣ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE