Дар Душанбе фаъолияти мактаб–интернатҳои мақоми ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта баррасӣ шуд

16 январи соли ҷорӣ дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ оиди фаъолияти мактаб – интернатҳои мақоми ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, сардорони раёсати маорифи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорони мактаб – интернатҳои мақоми ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок доштанд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа вазири маориф ва илм зикр кард, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф хосса аст ва он таъсири мусбии худро ба рушди соҳа мерасонад. Махсусан, таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон ва шахсони имконияташон маҳдуд хеле зиёд аст.

Сипас масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактаб – интернатҳо, таъмини муассисаҳои мазкур бо маводди таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълиму тарбия, беҳтар намудани нишондоди иштирок ва ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ва олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қайд гардид, ки ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани кўдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд дар ҷумҳурӣ 61 мактаб-интернат аз ҷумла, 18 мактаб-интернат барои кўдакони ятиму бепарастор, 15 мактаб-интернат барои кўдакони имконияташон маҳдуд, 2 хонаи бачагон, 24 мактаб-интернати наздимактабӣ, 1 мактаби махсус барои кўдакони душвортарбия, 1 мактаб-интернат барои хонандагони болаёқат бо фарогирии 7706 нафар хонанда фаъолият менамоянд.

Боиси зикр аст, ки аз 61 мактаб-интернат 14 мактаб-интернат дорои мақоми ҷумҳуривӣ ва 47 мактаб-интернат дорои мақоми маҳаллӣ мебошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE