Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои Федератсияи гӯштини миллӣ дар соли 2023 доир гардид

Дар шаҳри  Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -и Тоҷикистон дар соли 2023 доир гардид, ки зимни он беҳтаринҳо қадрдонӣ шуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад.

Ҳалим Набизода -Корманди беҳтарини Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -и Тоҷикистон дар соли 2023 интихоб шуд.

Шуъбаи доварон Шуъбаи беҳтарини Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -и Тоҷикистон  дар соли 2023 гардид.

Федератсияи минтақаи Кӯлоб — Беҳтарин федератсияи минтақа дар соли 2023 интихоб гардид.

Муассисаи давлатии ТВ «Варзиш» — Беҳтарин ВАО дар соли 2023 дониста шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе — Беҳтарин сарпарасти соли 2023 интихоб гардид.

Баҳодур Ҳалимов -Довари беҳтарини  соли 2023 интихоб шуд.  Сафаралӣ Баротов Беҳтарин мураббии соли 2023 дониста шуд.

Наврӯзи Каримзод- Беҳтарин варзишгари соли 2023 оид ба намуди гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» -и Тоҷикистон   дониста шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE