Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот анҷом доданд

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои саноату энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имконияти бузург мавҷуд ҳаст. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки ҷониби Қатар дар татбиқи чанде аз тарҳҳои афзалиятнок ба манфиати ҳар ду ҷониб иштирок намояд.

Дар рафти мулоқот масоили баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги транзитии Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, энергияи таҷдидшавандаи мамлакати мо, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок муҳокима карда шуд.

Бо назардошти имконияту иқтидори Тоҷикистон сармоягузории ҷониби Қатар дар кори таъсиси марказҳои тақсимоти яклӯхт ва логистикӣ ҷиҳати коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар барои ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин зимни мулоқот пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ» таъсис дода шавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE