Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар вазорат озмун эълон менамояд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 22 феврали соли 2024 ба вазорат равон намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар зер рӯйхати мансабҳои холӣ ва талабот барои довталабон пешкаши хонандагон мегардад:
- котиби дуюми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ –1 ҷой;
- котиби дуюми шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ – 2 ҷой;
- котиби дуюми раёсати молиявӣ – 1 ҷой;
- котиби якуми раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
- котиби якуми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 2 ҷой;
- мушовири раёсати молиявӣ –2 ҷой;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1825,25 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби якум – 2220,10 сомонӣ;
Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мушовир – 2220,10 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби мушовир ва котиби якум
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.
Талаботи тахассусӣ барои баъзе аз мансабҳои маъмурӣ
— талаботи тахассусӣ барои мансабҳои котиби дуюм ва якуми сарраёсати консулӣ — таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ.
— талаботи тахассусӣ барои мансабҳои мушовир ва котиби дуюми раёсати молиявӣ — таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ.
Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон
донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).
Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун
- Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (Word);
- Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);
- Тарҷумаи ҳол (Word);
- 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
- Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
- Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
- Маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
- Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
- Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- Гувоҳинома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ.
Номгӯи саволҳои эҳтимолӣ барои озмун (PDF)
Эзоҳ:
Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.
Ҳуҷҷатҳо то санаи 22 феврали соли 2024 қабул карда мешаванд.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33
Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 227-54-56.