Бори аввал дар таърихи худ дастаи мунтахаби Точикистон оид ба футбол ба даври плей оффи Ҷоми Осиё роҳ ёфт

Бори аввал дар таърихи худ дастаи мунтахаби Точикистон оид ба футбол ба даври плей оффи Ҷоми Осиё роҳ ёфт. Шоми гузашта футболбозони тоҷик бо маҳорати баланди варзишӣ рақибашон дастаи миллии Лубнонро мағлуб карда, саҳифаи наверо дар таърихи футболи тоҷик рақам заданд. Бо ин пирузӣ тими миллии мо аз мақоми дуюми гуруҳи худ роҳашро ба даври баъдии мусобиқа ҳамвор намуд.

Шоми сипаригашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии сеюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 муқобили тими миллии Лубнон анҷом дод. Ин дидор дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи миллипӯшони тоҷик ба поён расид. Рақобати ҳар ду даста, ки маротибаи аввал ба масофи ҳам омадаанд, хеле шадид ва пурҳаяҷон сурат гирифт. Ин шоми аҳолии даҳмилионаи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони олам ба дастгирии мунтахаби худ бедорхобӣ кашиданд. Футболозони тоҷик дар воқеъ талошҳои зиёд ва кушиши беандоза барои ба даст овардани ин пирузиро карданд ва ин заҳмати онҳо буд, ки тавонистан пируз шаванд. Дар нимаи аввали бозӣ ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд.  Ҳарсе гол дар нимаи дуюми дидор зада шуд. Бассел Ҷрадӣ, бозигари мунтахаби Лубнон, дар дақиқаи 47-ум ҳисобро кушод. Вай тӯбро аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сахт ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид кард. Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 80-ум ҳисобро баробар намуд. Тӯби аз масофаи дур ва берун аз ҷаримагоҳ задаи ӯ ба нишон расид. Голи дуюм ва ҳалкунандаи мунтахаби Тоҷикистонро Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 90+2 аз дохили ҷаримагоҳ бо зарбаи сар ба самар расонид.  Бояд гуфт, ки ду бори дигар тӯб вориди дарвозаи лубнониҳо гардида буд. Аммо сардовари ин бозӣ Муҳанад Қосим Саррай, довари 43-солаи Федератсияи байнулмилалии футбол, аз Ироқ голҳои футболбозони тоҷикро ҳисоб накард. Кӯмакдоварони ӯ (VAR) баъди тамошои видео ҳолати нобозӣ ё офсайдро ба қайд гирифтанд.  Дар дақиқаи 56-ум сардовар баъди тамошои видео (VAR) бозигари мунтахаби Лубнон Қосим Ал-Зейнро, ки ба пойи рақибаш қасдан зад, корти сурх нишон дод. То охири дидор ҳайати тими миллии Лубнон аз даҳ нафар иборат буд.  Ҳамзамон бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “А” байни дастаҳои Қатар ва Чин дар варзишгоҳи Абдуллоҳ бин Халифаи Доҳа доир гардид. Бозӣ бо пирӯзии қатариҳо бо ҳисоби 1:0 ба охир расид. Ҳамин тавр, футболбозони тоҷик бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми дуюмро соҳиб шуда, ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бор дар Ҷоми Осиё ширкат ва мекунад ва аввалин бор ба ин марҳилаи мусобиқот роҳ меёбад. Дастаи мизбон – мунтахаби Қатар, ки баъди натиҷагирии бозиҳои даври сеюм бо касби 9 имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “А” мақоми аввалро гирифт, ба плей-офф баромад. Дастаи Чин бо касби ду имтиёз дар зинаи сеюм ва тими Лубнон бо касби як имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифтанд. То ҳол аз 16 дастаи иштироккунандаи даври ҳаштякниҳоии мусобиқот шаштоаш муайян шудааст. Инҳо дастаҳои Қатар ва Тоҷикистон (гурӯҳи “А”), Австралия (“В”), Эрон (“С”), Ироқ (“D”) ва Арабистони Саудӣ (“F”) мебошанд.

Раҳмонзода Мижгон,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE