Имсол раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад

Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад.

Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити СПЕКА, ки 24 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати якҷо бо давлатҳои иштирокчӣ гузоштани саҳми сазовор дар ноил гардидан ба вазифаҳое, ки дар чорчӯби Барнома муайян шудаанд, иброз намуданд.

«Ба туфайли ҳамкорӣ дар чорчӯби Барномаи СПЕКА давоми давраи сипаришуда мо таҷрибаи зиёд андӯхтем, ки онро метавонем барои мутобиқсозии фаъолияти он ба тамоюлҳои ҷаҳони муосир истифода барем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE