Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон якчанд созишнома ба тасвиб расид
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «НБО-и Роғун» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд, Созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар, Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ин созишномаҳо аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расиданд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони мардумӣ Ғиёсиддин Ашурзода, Толибхон Азимзода, Мавсума Муинӣ, Сурайё Дӯстмуродзода, Парвиз Шодизода ва Файзулло Баротзода муаррифӣ намуданд.