Садамаи автомобили боркаши барои интиқоли гази моеъ пишбинишуда
Имрӯз дар километри 133 – юми роҳи Душанбе – Чаноқ (дар болои пул) автомобили боркаши барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шуд. Хушбахтона, бар асари ин ҳодисаи нохуш касе осеб надид. Дар ин бора ширкати “IRS” хабар медиҳад.
Кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидор фавран ба макони садама сафарбар шуда, дар навбати аввал гази моеъ ба автомобили дигар интиқол шуда истодааст.
Баъд аз анҷоми ин кор, чораҳои дахлдор барои аз болои пул ба канори роҳ баровардани автомобили мазкур андешида мешавад.
Бо арзи эҳтиром аз ронандагон хоҳишмандем, ки ҳангоми ҳаракат боэҳтиёт ва бодиққат бошанд.