Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8- ниҳоӣ бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд

Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Давҳа маълум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро гирифт. Дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо чаҳор имтиёз дар чаҳоргонаи «С» дуюм шуд.

Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Ҷоми Осиё-2023

1/8-ниҳоӣ

28 январ (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН – АМА

Оғоз – соати 21:00 ба вақти Душанбе

Давҳа, Варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE