Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ярмаркаи «CRAFT FAIR UZBEKISTAN 2022»

Аз 30 ноябр то 2 декабр дар Тошканд Ярмаркаи байналмилалии «Craft Fair Uzbekistan 2022» баргузор мегардад, ки дар он Тоҷикистонро Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода ва ширкати сайёҳии «Артуч» намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ярмаркаи мазкур дар Маҷмӯи миллии намоишгоҳи «Узэкспомарказ» баргузор мешавад. Дар он маҳсулоти ҳунармандони тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ муаррифӣ мегарданд.

Дар доираи ярмаркаи мазкур инчунин дарсҳои маҳорат оид ба ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE