Дар ноҳияи Данғара қариб 900 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд

Дармавсими ниҳолшинонию сабзгардонӣ бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 870 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ доданд аз кумитаи мазкур.

Бо иштироки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара — шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва фаъолони ноҳия ниҳолҳои дастрасгардида бо риояи меъёрҳои агротехникӣ дар шафати роҳҳои маҳаллаҳои 7 ва 8-уми ноҳия шинонида шуданд. Ҳангоми шинонидан ниҳоли дарахтон  бо ғизоҳои органикӣ ва нуриҳои маъданӣ таъмин гардид.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ  дар раванди амалигардонии нақшаву барномаҳои давлатии дар ин самт қабулгардида сайъ менамояд, ки дар сабзу хуррамгардонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳм гузорад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ ба беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти саросарии экологии аҳолии мамлакат нигаронида шудааст.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE