Намояндаи Тоҷикистон дар аввалин Саммити сохторҳои аэронавигатсияи Озарбойҷон, Туркия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Боку иштирок намуд

Мутахассиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар аввалин саммити сохторҳои аэронавигатсияи Озарбойҷон, Туркия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти сарпарастии Ташкилоти хизматрасонии аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) дар шаҳри Боку баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ медиҳад, ки саммит бо ибтикори CANSO, ташаббуси Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон, инчунин ширкати ҳавопаймоии «Azerbaijan Airlines» баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти аэронавигатсия аз Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок намуданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.

Дар рӯзи аввали саммит директори генералии CANSO Саймон Хокард, муовини вазири рақамӣ ва нақлиёти Озарбойҷон Рахман Гумматов, муовини вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия Энвер Искурт, иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҶСП «Azerbaijan Airlines» Самир Рзаев, инчунин роҳбарони мақомоти авиатсионӣ ва хизматрасонии аэронавигатсионӣ сухан намуда, дар ҷараёни он Нақшаи чорабиниҳои CANSO оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва давлатҳои ҳамсоя муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон масъалаҳои рушд ва идораи ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа баррасӣ шуда, доир ба баланд бардоштани таъмини бехатарии парвозҳо ва самаранокии фаъолияти муштарак қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Мавзуи асосии саммит ба имконияти ҷории хизматрасонии аэронавигатсионӣ тавъам буда, ҳар намояндаи хадамоти аэронавигатсионии давлатҳои иштироккунанда ва ташкилоти дахлдор хизматрасонии аэронавигатсиониашонро муаррифӣ ва оид ба амалиёт, рушди иқтидор, бехатарӣ, устуворӣ ва ҷанбаҳои муҳити зист, муҳити танзим, технология ва инноватсия мубодилаи афкор намуд.

Муҳокимаи стратегияҳои эҳтимолии афзоиши ҳамкорӣ байни ANSPs, муайян намудани самтҳои эҳтимолии ҳамкорӣ байни давлатҳои Аврупо ва Осиё ва лоиҳаҳои муштарак барои ҳалли самараноки мушкилоти умумӣ идомабахши мавзуи нишаст буд.

Бояд тазаккур дод, ки таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ иштирокдорони калидии соҳаи авиатсия буда, барои таъмини бехатарии парвозҳо, рушди долонҳои нақлиёти ҳавоӣ дар минтақа ва таъмини ҷараёни транзитӣ тавассути ҳарими ҳавоии давлатҳо масъул мебошанд. Онҳо барои таъмини занҷири ҷаҳонии ҳамлу нақли ҳавоӣ, баланд бардоштани самаранокии парвозҳо, дастгирии консепсияи рушди устувор ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист шароит фароҳам меоранд.

Дар доираи барномаи саммит иштирокчиён инчунин бо фаъолияти Идораи ҳаракати ҳавоии «Азераэронавигатсия» (AZANS), аз ҷумла технологияҳои нав ва чораҳои таъмини бехатарии ҳамлу нақли ҳавоӣ дар минтақа шинос гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE