Соли 2024 дар Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Солҳои охир соҳаи саноати вилоят тамоюли мусбии рушдро нигоҳ дошта, дар баъзе самтҳо суръати афзоиш бомаротиб зиёд таъмин мешавад. Тибқи нақшаи пешбинишуда, давоми солҳои 2022-2026 бояд 92 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо 1378 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шавад.Бояд таъкид намуд, ки танҳо дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 корхона бо 213 ҷои корӣ ба истифода дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE