Мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Фаронса

19 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинёлро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE