Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири саноат ва технологияи Туркия вохӯрӣ кард

16 феврал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Аҳмет Ёзгатлигил вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркияро оид ба ҳамкории иқтисодӣ мавриди муҳикома қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE