Дар Суғд бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирпарронӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи клуби вилоятии варзишӣ- тирпаронии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирпарронӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Мусобиқаи мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷараён гирифт.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 50 нафар варзишгарон аз шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Конибодом, Истаравшан, Бӯстон, ноҳияҳои Деваштич, Ашт, Мастчоҳ, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов фаъолона иштирок карданд. Мусобиқа аз рӯи намудҳои тирпарронии пневматикӣ (ВП-1 ва ПП-2) бо риояи қатъии қоидаҳои амалкунанда байни духтарон ва писарон дар алоҳидагӣ гузаронида шуд.
Ҳайати доварон ғолибони мусобиқаро муайян намуданд ва ғолибон бо медалу дипломҳои дараҷавӣ ва иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.