Вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Сафири Фаронса мулоқот кард
Зимни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол масъалаи содироти меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза баррасӣ шуд. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, рушд ва имконоти он маълумоти мушаххас дод.
Ҳамзамон зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба воридоти тухмии зироат, табодули таҷриба ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ва амалӣ намудани ҳамкории судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.