Дастаи «Равшан» аввалин маротиба Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб  аввалин маротиба дар таърихи фаъолият Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар мавсими соли 2024 ба даст овард. Дар ин маврид Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар шаҳри Ҳисор мусобиқаи сенздаҳуми Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоӣ дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар бошгоҳи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Дар рақобат барои ҷойи сеюм Клуби марказии варзишии Артиш (КМВА) -и Душанбе бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE