Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо cафири Покистон мулоқот кард

29 феврали соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарварро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE