Аз ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ беш аз 100 млн сомонӣ ба буҷет ворид шуд

Бо вуҷуди фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, рушди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва содда гардондани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, бархе аз субъектҳои хоҷагидор ҳамоно ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд.Дар ин бора имрӯз, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратуллоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2025 дар маҷмӯъ 23,7 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ ба қайд гирифта шудааст. Қонунвайронкуниҳо асосан ба фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирӣ дар мақомоти андоз, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, вайрон намудани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, рамзгузории электронии молҳо, инчунин сари вақт тартиб надодани санадҳои муқоисавӣ марбут будаанд.

Муқаддас Машрабиён

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE