Пешгӯии борон ва чангу ғубор

1-2 октябр бо сабаби шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чангу ғубор шиддат мегирад, хабар доданд азАгентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин  2-4 октябр бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ номусоидшавии вазъи ҳаво дар назар буда, ҳарорат то 6-9дараҷа паст мешавад. 3 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ боридани боронҳои шиддатнок пешгӯӣ мешавад. 3-4 октябр бо сабаби пастшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ҷумҳурӣ шабона бориши борон ба барф мегузарад.

2 ва 3 октябр  дар  дар вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ  бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ ва ғарбӣ  ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера  аз моддаҳои муаллақ (чанг),  зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Аз ин рӯ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти бисёри рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Инчунин ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд.  Вазъияти баамаломада ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва гирифторони бемориҳои диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE