Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намуданд
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Рушайдон мулоқот намуд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози вохӯрӣ сафири Арабистони Саудӣ номаи Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Саудро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорид.
Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, инчунин ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.