Дар вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Суғдиён»— и маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он 100 нафар кормандони матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши бориз гузошта, инсонҳоро ба сӯи фардои дурахшон ва ояндаи нек раҳнамун месозанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо менамоянд».
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма диққати махсус зоҳир гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудаанд. Аҳли қалам бо истифода аз чунин имконот барои муаррифии таърихи пурғановати халқи тоҷик, фарҳангу тамаддуни оламгир, анъанаҳои милливу қадимӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ ва бовар ба фардои саодатбахш меҳнат менамоянд. Инъикоси саривақтии пешрафту тараққиёти ҷомеа ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда самараи фаъолияти шоистаи рӯзноманигорон маҳсуб мешавад.
Сипас, ба як зумра собиқадорони соҳаи матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят барои саҳми арзанда дар пешрафти ҷомеа Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супорида шуд.
Ҳамзамон ба ғолибони озмуни Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ диплому мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.
Имсол Ҷоизаи вилоятӣ дар бахши телевизиону радио насиби Мунаввара Мирзоумарова, собиқадори радио ва Лола Раҷабзода, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд шуд. Ҷоиза дар бахши матбуотро Саттор Содиқов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Паёми Конибодом» ва Набӣ Ҷумъаев, собиқадори матбуот ба даст оварданд.
Дар вазъияти тантанавӣ инчунин ба якчанд нафар шаҳодатномаи узвият ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, нишонҳои Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.