Тими миллии Тоҷикистон: Натиҷаи рӯзи сеюми тамринҳо дар Доҳа

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе омодагиҳоро ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринии Давҳа идома медиҳад.

Футболбозони мо зери роҳнамоии Гела Шекиладзе дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар машқҳои навбатии худро анҷом дод.

Рӯзи сеюми ҷамъомади дастаи мо дар Қатар пушти сар шуд. Ҳайати мунтахаби кишвар айни ҳол аз 15 бозигар иборат аст. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шомил шудани легионерҳо аз 16 март шуруъ мегардад. Тими миллии кишвар рӯзи 18 март дар Риёз дар ҳайати пурра ҷамъ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми ҷамъомади таълимӣ дастаи мо ду маротиба – сараввал дар толори варзишӣ ва баъд дар майдони футбол машқ карда буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE