Намояндаи Тоҷикистон дар Форум оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
13 марти соли 2024 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шерализода Шараф дар Форум оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Аврупо (UNECE) иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлкат хабар доданд.
Зимни суханронӣ худ Намояндаи доимии Тоҷикистон таъсири тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои онро барои миллионҳо нафар зикр намуда, диққати ҳозиринро ба пешбурди фаъолонаи равиши ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ҷалб намуд.
Инчунин, аҳҳамияти қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, Таъсиси Фонди боварии ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, таъкид гардид.