Дар Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон доир мегардад

 12 сентябр, соати 08:00 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони  Тоҷикистон ва  Қазоқистон  баргузор мегардад. Дар ин хусус дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати мазкур аз намояндагони бахши хусусии Қазоқистон дар соҳаҳои омехта, ба монанди хӯрокворӣ (истеҳсоли равған, орд, макарон, қаннодӣ, гӯшт), хоҷагии қишлоқ (истеҳсоли хӯроки чорво), таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, коммутаторҳои шабакаҳо, истеҳсоли трансформатор, нуриҳои фосфатӣ, истеҳсол ва фурӯши муҳаррикҳои дизелӣ, маҳлулҳои фасадӣ, конструксияҳои металлӣ, соҳаи кӯҳканӣ ва ҷустуҷӯи геологӣ, саноати маъдани кӯҳӣ ва ғайра иборат мебошад.

Дар маҷмуъ дар Бизнес-форуми соҳибкорони  Тоҷикистон ва  Қазоқистон  15 ширкати қазоқистонӣ иштирок менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE