Даргузашти писари Мирзо Турсунзода
Парвиз Турсунзода, писари хурдии Шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, рӯзи 31 июл вафот кардааст. Дар ин бора дар Фейсбук яке аз дӯстони марҳум меъмори шинохта Олим Қурбонов хабар дод. Дар бораи сабаби марги Парвиз Турсунзода чизе гуфта нашудааст.
Парвиз Турсунзода риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, чанд сол дар Ироқ ба ҳайси тарҷумон кор кард. Ӯ баъди бозгашташ ба Ватан дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба дубляж, яъне тарҷумаи филмҳо ба тоҷикӣ машғул шуд. Парвиз Турсунзода ҳамчунин солҳои зиёд дар Палатаи савдою саноати Тоҷикистон ва ҳамчунин дар ширкати “Вавилон Мобайл” кор карда буд.
“Вақтҳои охир ӯ куллиёти падарашро барои чоп омода мекард. Мутаассифона, ин корро ба анҷом расонда натавонист”, – навиштааст Олим Қурбонов. «Парвиз Мирзоевич он ҳама дунёи бой ва ишқу эҳтиром ба мардумро аз падараш ба мерос гирифта буд. Ӯ, ки дар қалбаш романтик буд, дар чеҳраи одамон фақат хислатҳои мусбатро медид. Як одами шоду дилкушода буд ва дар байни дӯстону пайвандон аз эҳтирому муҳаббат бархӯрдор буд”, – чунин ёд кардааст аз марҳум Олим Қурбонов