Дар Душанбе масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткориро баррасӣ карданд
9 ноябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Митталро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.