Дар шаҳри Ҳисор даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст шуд
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо мақсади баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму оинҳои миллию мардумӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ва тарғиби либоси миллӣ доир мешавад, ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Дар даври ҷамъбастии он гулдухтарони атласу адрас ва чаканпӯш аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат гирди ҳам омада, намунаҳои либосҳои миллиро, ки тарроҳону чеварони маҳаллӣ омода намудаанд, ба намоиш гузоштанд.
Ба иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор Савриямоҳ Каримова, даври аввали озмун ҷамъбаст гардида, ҷойи якумро Дилбар Фатоева аз деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, зинаи дуюмро Фароғат Назарова аз деҳоти Сомон ва ҷойи сеюмро Гулнисо Абдуллоева аз деҳоти Навобод соҳиб шуданд.