Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ вобаста ба долонҳои нақлиётии рақамӣ дар Самарқанд иштирок намуд
Дар Самарқанд дар доираи Форуми 11-уми Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба сода намудани расмиёти савдо (APTFF) бахшида ба «Долонҳои нақлиётии рақамӣ» ҳамоиши байналмилалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш муовини Вазири нақлиёти мамлакат Шоиста Саидмуродзода намояндагӣ намуд.
Дар доираи ҳамоиш ҳамзамон ҷаласаҳои алоҳида вобаста ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ ва фаромарзӣ дар соҳаи нақлиёт ва технологияҳои рақамӣ ҳангоми ташаккули долонҳои устувори нақлиётӣ доир шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласаҳо мубодилаи афкор ва таҷриба доир ба истифодаи технологияҳои рақамӣ барои эҷоди долонҳои нақлиётии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор баргузор шуда, зарурати ҳамкории байналмилалӣ, хусусан дар таҳия ва идоракунии долонҳои нақлиётии рақамӣ баррасӣ гардид.