Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ мулоқот кард

Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал бо роҳбари Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ (UNDRR) дар Аврупо ва Осиёи Миёна Себастиен Пензинӣ доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дафтари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиш хавфи офатҳои табиӣ (UNDRR) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо ишора ба натиҷаи зудтағйирёбии иқлим ва афзоиши хавфи офатҳои табиӣ ва осебпазирии аҳолӣ, ҷонибҳо зарурати баланд бардоштани зарфиятҳои институтсионалӣ, фарогирии технологияҳои рақамӣ ва омода намудани мутахассисони касбии соҳавии мақомотро муҳим арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо мутақобилан судманд изҳор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE