Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар чорабинии фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ифтихори ҷашни муқаддаси ниёгонамон — Наврӯз, иди саиди Фитр ва баъди азнавсозӣ ифтитоҳ гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», ки туҳфаи арзандаи наврӯзӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва меҳмонони кишварамон мебошад, самимона табрик гуфтанд.

Пешвои миллат таъкид карданд, ки тибқи сарчашмаҳои таърихӣ миллати тамаддунсози тоҷик дар масъалаҳои меъмориву ободкорӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдорӣ собиқаи беш аз шашҳазорсола дошта, дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башарӣ нақши мондагор гузоштааст.

Таъкид гардид, ки Истиқлолу озодӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки барои эҳё намудану муаррифӣ кардани таърихи бою рангини миллати бостонии худ иқдомоти шоистаро амалӣ намоем, анъанаҳои неки аҷдодиро идома дода, ба аҳли башар исбот созем, ки мо миллати тамаддунсозу соҳибфарҳанг, шаҳрдору шаҳрсоз, соҳибдевону соҳибқалам, соҳибкитобу соҳибмаърифат ва ҳамеша созандаву бунёдкор будем ва имрӯз низ ҳастем.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ба масъалаи эҳё кардану ҳифз намудан, нигаҳдорӣ ва тарғиби мероси таърихиву фарҳангӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор ва даҳҳо ҷашну чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ доир карда шуданд. Азнавсозии Қалъаи Муғ, шаҳраки Саразм, осорхонаи Панҷакенти бостонӣ, осорхонаи академик Бобоҷон Ғафуров, баргузории ҷашни шоири маъруфи тоҷик – Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо иқдому чорабиниҳои дигар дар вилояти Суғд аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

«Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 ба узвияти ЮНЕСКО — яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг пазируфта шуд.

Минбаъд мо барои муаррифии иншооти таърихиву фарҳангии миллати тоҷик талошҳои зиёд ба харҷ додем», — таъкид карданд Сарвари давлат.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки азнавсозии Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки имрӯз ифтитоҳ гардид, идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Имрӯз дар кишвари мо зиёда аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Дар ин раванд, ба истифода додани Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” яке аз рӯйдодҳои муҳимми фарҳангии кишварамон дар оғози соли нави аҷдодӣ мебошад.

Дар робита ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо бояд ҳарчи бештар кор кунем, заҳмат кашем, созем, Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати меҳнатиро то тавонем коҳиш диҳем.

Дар фароварди суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми заҳматқарини вилояти Суғд чун ҳарвақта аз уҳдаи ин корҳо ба хубӣ ва бо сарбаландӣ мебароянд.

Баъди суханронии пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии фарҳангӣ оғоз гардид.

Чорабинии фарҳангӣ дар саҳни барҳавои Маҷмаи фарҳангиву таърихиии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор шуд, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли ҷомеа, олимон, адибон, таърихшиносон, фаъолон, собиқадорон ва сокинони касбу кори гуногун зиёда аз 6 ҳазор нафар ширкат намуданд.

Барномаи фарҳангӣ, театрикунонидашуда доир ба нақшу корномаи поягузори давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ, қироати шеърҳо, панду андарзҳо, гуфторҳои бузургони илму адаб доир ба таърихи халқу миллат, шукӯҳу шуҳрати воло, саодату хушбахтӣ, инсондӯстӣ ва васфи корномаҳои ибратомӯзи фарзандони миллат аз эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардонида шуд.

Барномаи фарҳангӣ дар маҷмӯъ аз 18 қисм иборат буда, дар он бо истифода аз созҳои мусиқӣ, навои дилнишин “Савти муноҷот” бо рақси гулдухтарони ансамблҳои “Чаманоро”, “Маҳастӣ”, “Фалак”, гурӯҳи рақсии Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, сурудҳои “Шаҳнавози Рӯдакӣ”, “Ватан”, “Тоҷикистон-сарзамини обҳост”, “Ман барои васл кардан омадам”, “Наврӯзатон муборак”, “Қалъаи нанг”, “Ватан дорем”, “Хуш омадед”, “Ҳавасҳои дилам”, “Сомониям”, “Бақои миллат”, “Эҳёгари миллат”, ва ғайра, ки ҳар кадом мафҳуму маънии хоси миллӣ, васфу тараннуми Ватан, таърихи бою пурғоновати халқи тоҷикро инъикос менамуданд, пешниҳоди аҳли чорабинӣ гардонида шуд.

Рафти иҷрои суруду таронаҳо ҳамзамон, гулдухтарони ансамблҳои “Зебо” ва “Парниён”, “Маҳастӣ”, ансамбли ба номи “Ғаффор Валаматзода”, “Гулноз”, “Садбарг” рақсу ҳунарнамоӣ намуданд.

Дар имрӯза чорабинии фарҳангӣ беш аз 2000 нафар ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои рақсӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд ва ба чорабинӣ шукӯҳу маънии бештар зам намуд.

Эҳё ва барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд бо шаклу услуби хосаи меъморию миллии асли қадима, суханронии пурмӯҳтаво ва ҳидояту роҳнамоии ҳамагон ба ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тарғиби он ба ҷаҳониён, пос доштани хотираи неки ниёгон, тарбияи насли ҷавон дар чунин рӯҳияи нек ва баргузории чорабинии фарҳангӣ идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.

Баргузории чорабинии фарҳангӣ, ифтихори сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кулли мардуми Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи рӯзафзун ба арзишҳои миллию таърихӣ шаҳодати сулҳу суботи комили мамлакат ва фазои ваҳдату осоиштагӣ дар мамлакат мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарон, ҳунармандон барои дар сатҳи хеле баланду пурмуҳтаво барпо намудани чорабинии фарҳангӣ  арзи сипос карданд.

Барномаи бошукуҳи чорабинии фарҳангӣ дар Маҷмааи фарҳангиву таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо оташфаввораҳои рангин ҳусни анҷом ёфт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE