Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд

14 апрел шаҳри Тошканд вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии Узбекистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Бахтиёр Саидов баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE