Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Бангкок бозии санҷишии дуюмро анҷом дод. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Футзалбозони Тоҷикистон бо тими миллии Чин бозии санҷишӣ баргузор намуданд. Вохӯрӣ бо ғалабаи калони дастаи мо – 9:2 анҷом ёфт. Қаблан дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Бангкок дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо барандаи медали биринҷии чемпионати CAFA-2023- тими миллии Афғонистон (3:4) рақобати санҷишӣ анҷом дод.

Дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайиланд баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) қувва месанҷад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE