Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ масъалаи ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид

12 июл дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии роҳбарияти Кумита бо намояндаи навтаъйини доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамоҳангсози доимии он дар Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Кумита ва сохторҳои Созмон, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои амалӣ дар Тоҷикистон ва чорабиниҳои дарпешистода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбарияти Кумита асосан дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои он маълумот дода, аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба бо сохторҳои дахлдори Созмони мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти истифодаи васеи имкониятҳои ҳамкориро таъкид намуд.

Тазаккур дода шуд, ки Кумита дар чорабиниҳо ва машқҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби сохторҳои дигари Созмон ташкил карда мешаванд, фаъолона иштирок менамояд.

Намояндаи Созмон дар навбати худ иброз дошт, ки дар Тоҷикистон дар самти идоракунии хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо корҳои муҳим анҷом дода шудаанд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо нақшаҳои чорабиниҳои муштарак оид ба огоҳсозии барвақти аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва татбиқи Созишномаҳои имзошударо баррасӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE