Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

6 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои варзида ва соҳибтаҷрибаи ин соҳаҳо таъйин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ҳаким ба вазифаи муовини якуми  Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Яздонзода Исфандиёр ва Бодуршозода Мералӣ муовинони  Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони якчанд раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, роҳбарони ду сохтори  Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавон ва варзидаи ин соҳаҳо таъйин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба ҳозирин доир ба таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои шарикони рушд, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷалби сармояву сайёҳон ва технологияи муосир ба мамлакат, афзун намудани сарчашмаҳо ва ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлат, афзунсозии захираҳои давлатӣ ва ҳифзи субот дар бозори истеъмолӣ, беҳсозии таъминоти ақибгоҳӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, омодасозии хуби кадрҳои ҷавони ояндадор, пурзӯр намудани интизоми корӣ ва дар маҷмуъ содиқона ва софдилона хизмат намудан ба Ватани азиз дастуру ҳидоятҳои судбахш доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE